ЧӢ ТАВР АЗ БЕМОРИҲОИ МАВСИМӢ ЭҲТИЁТ КАРД?

11 December 2018
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки то интиҳои ҳафта обу ҳаво дар шаҳри Душанбе аслан бебориш аст. Дар давоми ҳафта ҳарорат шабона  аз +1 то +3 дараҷа гарм ва рӯзона бошад, гармии ҳаво аз +13 то ба +16 дараҷа мерасад. Ба гуфтаи мутахассисони агентӣ, инҳафта тағйирёбии обу ҳаво ва эҳтимолияти боридани борон дар пойтахт танҳо рӯзҳои 8-ум ва 9-уми ноябр ба назар мерасад. Вале ба чунин вазъи обу ҳаво нигоҳ накарда, мо бояд фаромӯш накунем, ки аллакай дар моҳи декабр қарор дорем. Декабр моҳи аввали фасли зимистон аст ва ин фасли сармо, аз ҷумла ҳамин сол, бино ба пешгӯии мутахассисон, сардтар меояд. Пас, агар дурахши офтоби тобонро  дар ин рӯзҳо дидед, ба пӯшидани либоси тунуктар нагузаред. Зеро ин гармии зимистона чашмфиреб буда, “офтобибаччакушак” аст. Инро ҳам бояд гуфт, ки чун фасли сармо мерасад, таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб камтар мешаванд ва ин барои вирусҳои касалиовар шароити муфиди афзоиш ва имконияти ҳузури тулонӣ дарҳавои атроф аст.
Аз ҷониби Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта шудааст, ки то интиҳои ҳафта обу ҳаво дар шаҳри Душанбе аслан бебориш аст. Дар давоми ҳафта ҳарорат шабона  аз +1 то +3 дараҷа гарм ва рӯзона бошад, гармии ҳаво аз +13 то ба +16 дараҷа мерасад. Ба гуфтаи мутахассисони агентӣ, инҳафта тағйирёбии обу ҳаво ва эҳтимолияти боридани борон дар пойтахт танҳо рӯзҳои 8-ум ва 9-уми ноябр ба назар мерасад. Вале ба чунин вазъи обу ҳаво нигоҳ накарда, мо бояд фаромӯш накунем, ки аллакай дар моҳи декабр қарор дорем. Декабр моҳи аввали фасли зимистон аст ва ин фасли сармо, аз ҷумла ҳамин сол, бино ба пешгӯии мутахассисон, сардтар меояд. Пас, агар дурахши офтоби тобонро  дар ин рӯзҳо дидед, ба пӯшидани либоси тунуктар нагузаред. Зеро ин гармии зимистона чашмфиреб буда, “офтобибаччакушак” аст. Инро ҳам бояд гуфт, ки чун фасли сармо мерасад, таъсири нурҳои ултрабунафши офтоб камтар мешаванд ва ин барои вирусҳои касалиовар шароити муфиди афзоиш ва имконияти ҳузури тулонӣ дарҳавои атроф аст.

Дар ин фаслкадом бемориҳои мавсимӣ авҷ мегиранд? Ба ин суол мутахассисони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурустии Истиқлол» ба мо гуфтанд, ки бемориҳои шадиди вируси роҳҳои нафас яке аз бемориҳои асосии фасли сармо буда, ба ин гурӯҳ бемории зуком, илтиҳоби гулу, илтиҳоби ҳалқум, бемориҳои илтиҳоби ковокиҳои димоғ, илтиҳоби найчаҳои ҳавогузари узвҳои нафас, илтиҳоби шушҳо ва ғайраҳо дохил мешаванд. Баландшавии ҳарорат, атсазанӣ ва сулфазанӣ, тайғир ёфтани садои овоз, душвории нафасгирӣ бо димоғ, луобшории барзиёд аз димоғ ва нафастангӣ нишонаҳои асосии ин бемориҳо мебошанд. Оризаҳо (паёмад)-и хатарноки бемориҳои мазкур садамаи токсикосироятӣ, заҳролудшавии майнаи сар (нейротоксикоз), варами майнаи сар, пайдошавии ихтилоҷҳо, нафастангӣ, инқибози ханҷара ва ғайраҳо гуфта мешавад.

Зуком ё бемориҳои зукоммонанд низ мавсимӣ буда, барои пайдо шудани бемории дигар замина гузоранд. Ин  бемории шадиди сироятии вирусӣ тавассути роҳи нафас мегузарад ва давомнокии он 3-7 рӯзро дар бар мегирад. Микроорганизмҳои навъи А ва В бавуҷудоварандаи бемориҳои сироятии мавсимӣ мисли зуком ҳастанд. Беморӣ ҳангоме ки организми одам ба сардӣ пурра мутобиқ  нашудааст, инчунин ҳангоми суст шудани қувваи муҳофизатии организм (иммунитет) зуҳур мекунад. Бо ин далел бояд қайд кард, ки зуком бештар ба кӯдакон ё шахсони калонсол зарари худро мерасонад. Оризаҳои ин беморӣ хавфноканд. Илтиҳоби шуш, илтиҳоби пардаи гӯш (отит), бронхити шадид азҷумлаи ин оризаҳоянд.

Барои табобат ва пешгирии бемориҳои роҳҳои нафас аз ҷумла зуком, духтурон тавсия медиҳанд, ки, пеш аз ҳама, шахсони гирифтори бемориҳои сироятии роҳҳои нафас дар ҳолатҳои ҷараёни сабуки ин бемориҳо бо тавсияи табибон дар шароити хона муолиҷа гиранд. Дар ҳолати ҷараёни вазнин бошад, алалхусус кӯдакони то синни 5-сола, ҳатман бояд дар шароити беморхона ба табобат фаро гирифта шаванд. Беморонро мебояд муваққатан аз иштирок дар коллективҳо худдорӣ намоянд. Инчунин, тарзи ҳаёти солим, истифодаи ғизои дурусти аз витаминҳо ғанибуда, пӯшидани либоси гарми мавсимӣ, дар манзилҳо ва утоқҳо нигоҳ доштани гармӣ, истифодаи ниқобҳои тиббии яккарата роҳҳои асосии пешгирии ин бемориҳо мебошад. Риояи  реҷаи ҳавоивазкунӣ дар дохили хона, корхона ва  муассисаҳои таълимӣ низ яке аз роҳҳои пешгирикунанда маҳсуб меёбанд. Бо худмуолиҷа машғул шудан ва бе назорат истифода намудани маводҳои доруворӣ ба саломатии Шумо таъсири манфӣ мерасонад. Дар ҳолати пайдошавии ин бемориҳо истифодаи хӯрокҳои гарми якум, нушокиҳои гарм, чой бо лиму, чой бо мураббои мармиҷонӣ, бештар истеъмол намудани пиёз, сирпиёз ва ҳама гуна маҳсулоти дорои витамини С тавсия мешавад (ин витамин дар мубориза бо вирус кӯмак мерасонад). Тановули шӯрбои мурғӣ бо лиму бошад, ҳаракати нейтрофилҳоро боздошта, таъсири зиддиилтиҳобӣ мерасонад. Инчунин, маслиҳат дода мешавад, ки сабзиро аз турбтарошак гузаронда бо равғани растанӣ омехта карда истеъмол кардан, иммунитетро баланд мекунад, зеро дар таркиби сабзӣ теъдоди зиёди антиоксидантҳо мавҷуданд, ки қувваи ҳимоятии ҷисмро мустаҳкам нигоҳ медорад. Антиоксидантҳо ҳамчунин дар таркиби ҳар меваю сабзавоти рангаш зард, норинҷӣ ва сурх мавҷуд аст. Бояд дар ёд дошт, ки нӯшидани қаҳва ва нӯшокиҳои кофеиндор боиси кам шудани оби бадан мегардад ва ҳангоми беморӣ аз онҳо  худдорӣ бояд кард. Чун ин бемории вирусӣ аст, қоидаҳои  беҳдоштӣ, яъне шуштани дастҳо бо собун ва оби ширгарм метавонад беш аз 90%-и  микроорганизмҳои дар даст ҷамъшударо тоза намояд.  Ҳамчунин барои нафароне, ки гирифтори бемории зуком гардидаанд, ба як истакон оби гарм як қошуқча намак илова карда ғарғара кардан, пешниҳод мешавад, зеро ин усул дарди гулуро таскин мебахшад. Аз спрейҳои махсуси табобатӣ барои бинӣ ва обҳои уқёнусӣ бе дорухат ҳам истифода бурдан мумкин аст. Спрейҳо ва обҳои уқёнусиро барои кӯдакон безарар ҳам ки гӯянд, шумо қабл аз табобати кӯдакон ҳатман бо табиб машварат намоед.

Дар робита ба нишонаҳои зуком дар кӯдакон, ки аксар ҷабрдидагони ин беморянд, муовини директор оид ба хизматрасониҳои тиббӣ ба кӯдакони МД “Истиқлол” Саидов Ф. гуфт, ки бетоқатӣ, атсазанӣ ва сурхшавии чашмону ҳалқ аломатҳои зуком дар кӯдакон мебошад. Оризаи вазнини зуком дар кӯдакон илтиҳоби шушҳо мебошад, ки дар ҳолати сари вақт бистарӣ нашудан, кӯдак метавонад ба шуъбаи наҷотдиҳӣ афтад.  Волидон бояд фаромӯш накунанд, ки дар тамоми дунё яке аз сабабҳои фавти аксари кӯдакони то синни 5-сола, зуком мебошад.

Духтурони Бемористони Ибни Сино барои тарзи дурусти пешгириву табобати бемориҳои мавсимӣ маслиҳат медиҳанд, ки агар ҳарорати бадан то 37,5 дараҷа бошад, худи ҷисми инсон бояд бо он мубориза барад. Агар ҳамин нишондодро мо ба таври сунъӣ паст кунем, рафта-рафта ҷисм ба он одат мекунад ва минбаъд низ наметавонад бо он мубориза барад. Дар ин ҳолат агар ба бадани бемор маҳлули спирту обро омехта молед, табро паст мекунад. Дар ҳолати аз 37,5 боло рафтани таби бадан доруи паратсетамол ё дигар доруҳои дар таркибашон паратсетамолдоштаро барои кӯдакон ба миқдори 10 мг ба 1 кг вазни бадан ва барои калонсолон ба миқдори 500 мг дар як рӯз 3 — 4 маротиба тавсия дода мешавад. Дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан ҳатман ба пизишк муроҷиат намудан лозим аст.

Ҳамин тавр, зуком ё бемориҳоизукоммонанд шоҳи тамоми бемориҳои дигар мебошад ва аз ин рӯ, “шамолкашии одӣ” гуфта, хунукназарӣ кардани шумо шояд сабаби аз даст додани беҳтарин неъмат-саломатиатон гардад. Пас худ ва наздиконатонро дар ин сардиҳо эҳтиёт кунед вазиндагиро бо дасту дили гарм идома диҳед!

Неъмат САЛИМЗОДА

“Мароми пойтахт”