Parviz Sharipov
3 subscribers
АЗОБУ ДАРДИ ДУРИРО НА ҲАР ЯК БАНДА МЕДОНАД,

ФИРОҚУ ДОҒИ ҲИҶРОНРО КАСИ ДИЛКАНДА МЕДОНАД.

АГАР ФАРДЕ НАДИДА ДАР ҲАЁТАШ ҒУССАВУ ҒАМРО,

ЗИ ДАРДАТ ҲАСРАТЕ СОЗИ, БА НОЗУ ХАНДА МЕДОНАД.

ҲАЗОРОН ХУБИ КАРДИ БАР КАСЕ, БОРЕ НАМУДИ РАД,

БА ОН ЯК РАД НАМУДАН ХУБРО ҲАМ ГАНДА МЕДОНАД.

БА ҚАСДАН МЕКУНАД КОРИ ХАТО БЕ ҲЕҶ ИСТИСНО,

АГАР САҲВАН ХАТО КАРДИ, ТУРО ШАРМАНДА МЕДОНАД.

ХУДОИ МЕКУНАД АММОВУ НАШИНОСАД ХУДОИ ХУД,

БА САД КИБРУ ҒУРУР ХУДРО ВАЛЕ АРЗАНДА МЕДОНАД.

ҲАҚИҚАТ КАЙ БИГАРДАД БОЗ БАР ХУД ЯК СУОЛЕ ДЕҲ,

НА ДИРӮЗУ НА ИМРӮЗУ ВАЛЕ ОЯНДА МЕДОНАД.

НАДОРЕМ ОГАҲИ АЗ ЯКДИГАР ДАР ҚАЛБИ МОЁН ЧИСТ?

ХУДОВАНДИ БУЗУРГУ ПОКУ БАХШОЯНДА МЕДОНАД.

МАШАВ БАНДИ ҒАМИ ОЛАМ ХУДОРО ШУКР КУН БАНДА,

КАНОРИ БАНДАГОНАШ Ӯ ТУРО ҲАМ БАНДА МЕДОНАД.